БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ СИРОЯТ ЭҲТИЁТ КАРДАНИ ЯК НАФАР САДҲО НАФАРРО НАҶОТ МЕДИҲАД

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба пешгирии бемории коронавируси нави COVID-19 дар Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули “хона ба хона” доир гардид.

Масъулин зимни баромад қайд карданд, ки имрӯз сироят шудани як нафар баъди ду ҳафта боиси сирояти садҳо нафари дигар мешавад ва аз сироят эҳтиёт кардани як нафар садҳои дигарро наҷот медиҳад. Агар шумо беморед, кӯшиш кунед, ки касе аз шумо сироят наёбад. Агар сиҳатед, эҳтиёт кунед, ки сироят наёбед. Инчунин, ҷиҳати ба аҳолӣ фаҳмонидани истифодаи дурусти қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ, хоҷагиҳои ёрирасон (президентӣ) ва деҳқонӣ бо мақсади таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозагии шахсӣ ба роҳ монда, аз ҷониби масъулин таъкид гардид.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg