ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва тақсимоти варақаҳои таблиғотӣ аз ҷониби кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ дар деҳаи Наврӯз бо усули “хона ба хона” доир гардида, дар он масъулин риояи қоидаҳои беҳдоштӣ, самаранок истифода бурдани заминҳои ба уҳдадоштаи сокинон ва назорати дурусти наврасону ҷавонон дар вақти таътилро таъкид карданд.