ДӮСТӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ин ваъзияти мураккабу ҳассос, ки табибон баҳри ҳифзи солимии ҷомеа заҳмати шабонарӯзӣ кашида истодаанд, аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Холиқзода Ҳоким ба табибони бемориҳои сироятии ноҳияи Дӯстӣ ёрии амалӣ расонида шуд. Ин иқдом аз ҷониби табибон бо хушнудӣ пазируфта шуда, миннадории хешро кормандони соҳаи тандурустӣ ба вакили мардумӣ изҳор доштанд.