ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш ва дастгирии вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Вахш аз ҳавзаи интихоботии №8 Рустамбекова Малоҳат дар ташкилоти ибтидоии “Ҳофизи Шерозӣ”-и Ҷамоати деҳоти Рӯдакӣ ба сокинони ҳудуди ҳавза 120 дона ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва 60 адад маводҳои антисептикӣ дастрас карда шуд. Аз ин иқдоми пешгирифтаи яке аз ҷавонтарин вакили ноҳия мардуми маҳалла хело шод шуданд.
Инчунин, барои дар байни аҳолӣ гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ, кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия ба сокинон қоидаҳои дурусти риояи гигиенаи шахсию ҷамъиятӣ, безарурият набаромадан ба ҷойҳои серодам, зуд-зуд шустани дастон бо собун ва дигар дастуру тавсияҳоро расониданд.