БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо дастгирии ташкилоти ибтидоии “”Сипарони Ватан” ва дастгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо мақсади мубориза бо коронавирус ба 100 оилаи низёманди ҷомеа кумакҳои тиббӣ расонида шуд. Кумакҳои тиббӣ аз ниқоб, маҳлулҳои спиртиву антисептикӣ, дастпӯшакҳо иборат буда, қобили қайд аст, ки кумаки мазкур аз ҷониби ташкилоти ибтидоии “Сипарони Ватан” нахустин набуда, тибқи иттилои шахси масъули ташкилот Муродов Шасмиддин ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ ният дорад, дар оянда низ ба оилаҳои ниёзманд кумаки худро расонанд.
Ҳангоми супоридани кумакҳо намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок дошта, ба роҳбарияти ташкилоти ибтидоии мазкур барои саҳм гузоштан дар мубориза ба интиқол ба пешгирии бемории коронавирус изҳори сипос намуданд.