БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НИГОҲИ ОЯНДАСОЗ БА СӮИ ФАРДОИ ДУРАХШОН

АНДЕША. Имрӯз ба ҳар яки мо маълум аст, ки бемории сироятии коронавирус, яъне вируси   навъи COVID – 19  ҷомеаи ҷаҳониро  зери таъсири худ қарор дода, ба иқтисодиёти аксари давлатҳо таъсири манфии хешро гузоштааст.

Бояд гуфт, ки то ба имрӯз  ягон доруи махсусгардонидашуда маҳз барои бемории  сироятии коронавирус аз ҷониби олимону мутахассисони рӯи олам  ихтироъ ва барои муолиҷаи беморон  рӯи кор наомадааст. Онҳо  шабонарӯзӣ кӯшиш намуда истодаанд, ки ихтирооти навбатиашон маҳз оид ба  маҳв ва аз байн бурдани вируси коронавирус натиҷаи дилхоҳ дода, дар ин самт муваффақ низ хоҳанд гашт.

Тибқи ақидаи аксари  мутахассисону олимони соҳаи тиб зиёда аз 50%   гирифторони бемории коронавирус ниёз ба дору ё табобат надоранд. Дар ин ҷо худи инсон нақши калидӣ барои пешгирӣ ва паҳншавии ин бемории сироятӣ мебозад. Аввалан  ҳар як шахс ба худ ва саломатии хеш аҳамияти аввалиндараҷа дода, тарғибгари тарзи ҳаёти солим буда, нигоҳи ояндасоз ба сӯи фардои дурахшони зиндагӣ дошта бошад. 

Воқеан ҳам, миллати тоҷик аз азал миллати фарҳангсолору тамаддунофар буд  ва то ба имрӯз ҳаст. Он ҳама сахтиҳое, ки ба сари ин миллат  омад, бо заҳмату матонат, иродаи  қавӣ, мардонагию шуҷоат, сабру таҳаммулпазирӣ паси сар намуда, имрӯз ба муваффақиятҳои назаррас ноил гардидаанд. Бемории сироятие, ки  моҳи декабри  соли 2019 дар шаҳри Ухани Ҷумҳурии мардумии Чин бо номи коронавирус (COVID – 19)  ба қайд гирифта шуд ва сипас домони худро ба тамоми давлатҳои олам паҳн намуд, боиси нигаронии аксар давлатҳои ҷаҳон гардид. Боиси  қайд аст, ки ин бемории сироятӣ  аз охирҳои моҳи апрели соли 2020 дар ватани азизамон Тоҷикистон хуруҷ намуда, мардумро ба таҳлука ва баъзе нафаронро ба зиндагӣ дилсард гардонид.

Маврид ба зикр аст, ки инсон дар рӯи замин  ҳамчун махлуқи муқаддас  ва тавоно  тавлид шуда, онро   эҳтирому эътироф менамоянду рӯзгорро барояш Яздони пок ҳадя сохтаанд. Инсон дар ҳаёт бо тамоми пастию баландӣ, ширинию талхӣ, гармию сардии зиндагӣ мувоҷеҳ гардида, онро  таҷриба низ менамояд. Мушкиле нест, ки  роҳи ҳалли онро инсон  бо имони комилу иродаи қавӣ ва илму дониш бартараф насохта бошад.

Метавон гуфт, беморие нест, ки илоҷи давои он набошад, аммо дар ин давраи ҳассос сокинону шаҳрвандони мамлакатро лозим меояд, ки  ба таҳлука наафтида, тарсу ҳаросро яксӯ гузоранд. Чунки сарчашмаи аксари бемориҳо ин тарсу ваҳм ба шумор меравад. Ҳар як инсон метавонад бо иродаи қавии худ, матонату ҷасорат, далерию шуҷоат бо бадтарин беморӣ мубориза бурда, дар барқарорсозии саломатӣ ва зиндагии шоистаи худ саҳми беназиру муборизи хешро гузорад. Пас дар зиндагӣ бояд мубориз буд, то нокомиҳои ҳаётро бо сабурӣ паси сар намуда, дар  рӯзгори пурпечутоб ва таззод ба комёбиҳои назаррас ноил гашт. Мо,  миллати сарбаланд бояд дар ин рӯзҳои ҳассоси ҳаёт дастаҷамъона бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, аз  тамоми тавсияҳои додаи  мутахассисон ба таври комил истифода намоем, то худ ва дигаронро аз сироятёбӣ  муҳофизат намоем.  Баҳри пешгирии ҳамагуна бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус  зарур аст, ки сатҳи огоҳии мардум баланд бардошта шуда, онҳо ҷонибдору тарғибгари тарзи ҳаёти солим  бошанд. Ҳамин аст, ки кормандони  Кумитаи иҷроия пайваста суҳбату вохӯрӣ ва корҳои фаҳмондадиҳиро миёни сокинони деҳаву маҳаллаҳо  доир карда, маълумотҳои заруриро ба саҳми онҳо мерасонанд.

Марҷона Муродова, мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg