Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҷиҳати риояи беҳдошти ҳифзи саломатӣ ва гигиенаи шахсӣ аз бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилотҳои ибтидоии «Роҳсозон» ва «Маркази хизматрасонӣ дар хона» варақаҳои тавсиявӣ дастрас намуда, аз иштирокдорон хоҳиш намуданд, ки ба воҳима наафтода ба ҳар гуна овозаҳои бардурӯғи шахсони бадкешу воҳимаангез бовар накунанд. Худу наздиконашонро бо риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ ва тавсияи мутахассисони соҳаи тиб аз ҳар гуна бемориҳои сироятӣ ҳифз ва саломат нигоҳ доранд.