А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Таҳти раёсати узви Кумитаи иҷроияи вилоятӣ ва ноҳиявии ҲХДТ, раиси ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ Саиди Ёқубзод маҷлиси назоратӣ ва Ситоди ноҳиявӣ оид ба муқовимат бо короновирус баргузор гардид.
Саиди Ёқбзод ба аъзои Ситод, роҳбарони муассисаву ташкилотҳо ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ бахшида ба ҷашни 30 - солагии Истиқлолияти давлатӣ, барои рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ, аз ҷумла пешгирии хавфи омадани сел ва обхезиҳо доир ба тезонидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ, бахусус коронавирус, тозаю озода кардани муҳити зист ва дар сатҳи зарурӣ доир кардани маъракаи зимистонгузаронӣ супоришҳои мушаххас дод.
Ҳамчунин, Муҳаммаддовуд Ҳалимов раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ низ ба сухан баромада, дар асоси дастуру супоришҳои роҳбарияти олии ҲХДТ, дар ҳамкорӣ бо намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ, ҷиҳати пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус, инчунин истифодаи пурсамари заминҳои кишоварзӣ сухан гуфта, аз номи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Миралиён Қиёмиддин Абдусаломзода ба сардухтури ноҳиявӣ Солиев Амриддин ҳамчун кумак ниқобҳои тиббиро дастрас намуд. Сипас, бо дарназардошти ҷамъбасти натиҷаҳои даъвати баҳории даъватшавандагон, ки фаъолони ташкилоти ибтидоии “Дӯстӣ” яке аз аввалинҳо шуда нақшаро таъмин намуданд, бо Сипосномаи ноҳиявии ҲХДТ ва туҳфаи хотиравӣ қадрдонӣ карда шуд.