БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС МИЁНИ АҲОЛӢ

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ дар якҷоягӣ бо ихтиёриён ва аъзои ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ташкилоти ибтидоии “Яккатут” корҳои таблиғотиро усули “хона ба хона” ба роҳ монданд. Намояндагони ҳизбӣ бо шаҳрвандон оид ба муқовимат ба коронавирус, ки айни замон аҳли башарро ба ташвиш овардааст, инчунин оид ба самаранок истифода бурдани ҳар як порча замини наздиҳавлигӣ, Президентӣ ва хоҷагии деҳқонӣ аз ҷониби аҳолӣ суҳбату вохӯриҳои инфиродӣ гузарониданд. Кормандони масъули ҳизбӣ бо мардум оид ба риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ, истифодаи маводҳои безарраргардонӣ, аз ҷумла маҳлулҳои гуногуни хлордор дар ҳавлию манзилҳои истиқоматӣ ва ҳаммому ҳоҷатхонаҳо ва дигар қоидаҳои гигиенаи шахсӣ дастуру тавсияҳои муфид доданд. Дар рафти суҳбат  варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии коронавирус, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон бо расму аломатҳои пешгирикунандаи коронавирус дастрас гардидааст, ба зиёда аз 50 оилаҳои ин деҳа дода шуд.      

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg