Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади дар чорабиниҳои ҳизбӣ сафарбар намудани ихтиёриён (волонтёрҳо)-и назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав бо назардошти вазъи кунунӣ, бо мақсади пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ, риояи беҳдоштӣ, худдорӣ кардан аз нӯшидани нӯшокиҳои хунук, бе зарурат баромадан аз ҷои зист, ба нофаҳмию воҳима роҳ надоданро бо усули «хона ба хона» ба роҳ монда истодаанд.
Бо дастгирии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Ализода Сураё ва вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия Нишонзода Даврон Назаралӣ корҳои безараргардонӣ ба роҳ монда шуда, дар ин корҳои безараргардонӣ ихтиёриён бо пӯшидани либоси махсус ва ниқобҳо, бо истифода аз техника ва дорупошакҳои дастӣ ба миқдори 50 кг маҳлули гипохлориди натрий кӯчаҳо, гулгашту хиёбон ва биноҳои маъмурии маркази ноҳияро безарар гардониданд.