БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲИ НАҶОТ АЗ КОРОНАВИРУС РИОЯИ ТАВСИЯҲОИ ТАБИБОН МЕБОШАД

Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади   таъмини  пешгирии  хатари  бемории  коронавирус гурӯҳи  кории Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ дар  ноҳияи  Носири  Хусрав  корҳои  фаҳмондадиҳӣ  ва  омилҳои  пешгирикунандаи  бемориро   дар  байни  сокинон бо  усули  «хона  ба  хона» боз  ҳам  пурзӯр  намуда, риояи  гигиенаи  шахсӣ,  яке  аз  тадбирҳое  муҳим мебошад, ба  ҳар  як  сокини  ноҳия фаҳмонида  истодаанд.

Истифодаи   дурусту  оқилонаи ҳар  як  ваҷаб заминҳои  наздиҳавлигӣ, кишт  ва   захираи  маҳсулоти  кишоварзӣ,  инчунин  бо аъзои  хоҷагиҳои  деҳқонӣ  ҷиҳати  бекор  намондани заминҳои  дар  ихтиёрашон    бударо  вобаста  ба  вазъи   имрӯзаи  ҷаҳони  муосир ҳаматарафа   фаҳмонида  истодаанд.

Аъзои  гурӯҳи  корӣ дар  деҳаи Гулзори    Ҷамоати  деҳоти  Фирӯза  бо  усули  «хона  ба  хона» чорабинии ҳизбиро баргузор намуда,   ба  сокинон  роҳҳои  пешгирии бемории  каронавирусро  фаҳмонида,  барои  пешгирии  беморӣ  варақаҳои  тавсиявӣ, Муроҷиатномаи ҲХДТ   ва  ниқобҳои муҳофизатиро       дастрас карданд. Ёдовар  шуданд,  ки  агар таби  баланд сулфа, душворшавии  нафаскаширо дар худ мушоҳида  намоянд, ҳатман аз ниқоби  яккарата   истифода  бурда,   ба духтурон  муроҷиат  намоянд.

Бо  мақсади  расонидани  кӯмак вобаста  ба  безараргардонӣ  бо дастгирии   Кумитаи  иҷроия манзили  зисти  онҳо, роҳу  кӯчаҳои  деҳа    бо  маҳлули хлордор   безарар  гардонида   шуданд.    

            

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg