ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг бо роҳандозии Аксияи ҳизбии “хона ба хона” дар деҳаи Чуқураки Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо истиқоматкунандагони манзилҳо ҷиҳати пешгирӣ аз сироятёбӣ ба бемории коронавирус, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрдоштаашон суҳбат доир намуданд. Онҳо пеш аз ҳама сокинонро ба он даъват намуданд, ки ба овозаҳои бардурӯғ дода нашаванд. Ба ояндаи неку зиндагии тинҷу осуда боварӣ дошта бошанд. Ин беморӣ муваққатист. Дар натиҷаи ҳамкории якдигар он аз байн бардошта мешавад. Муҳим он аст, ки ҳама ба тавсияи табибон гӯш диҳанд ва амал намоянд. Он давлатҳое, ки аллакай ба зиндагии ором баргашта истодаанд, мардумашон аз хурд то бузург талаботҳои гигиенаи шахсӣ, ҷамъиятӣ, тоза нигоҳ доштани ҷойи кор ва манзили зистро қатъӣ риоя намуданд. Беҳуда ба кӯча набаромада, дар хона нишастанд. Ҳамаи ин ба он оварда расонд, ки шумораи сироятёбии одамон кам гардида, ин беморӣ нест карда шуд. Боварӣ дорем, ки мардуми мо ҳам аз иҷрои чунин талаботҳои беҳдоштӣ мебароянд, худ ва аҳли оилаи худро аз гирифтор шудан ба коронавирус эмин нигоҳ медоранд. Дар ҷамъбасти суҳбат ба иштирокчиён ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.