ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аъзои гурӯҳи таблиғотии таъсисдодаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ аз ҳисоби кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб, гурӯҳи вакилии ҳизбӣ ва дигар фаъолони ҳизб бо усули “хона ба хона” ба пайваста амал намуда, мардумро аз хатари ҷонӣ доштани бемории коронавирус ва роҳҳои пешгирии он огоҳ менамоянд. Дирӯз аъзои гурӯҳ дар маҳаллаи навбунёди Сари мазори Ҷамоати шаҳраки Ховалинг бо роҳи “хона ба хона” ба сокинон дар бораи чӣ хатар доштани бемории коронавирус, нишонаҳои пайдоиши он, роҳҳои пешгирӣ аз он ва баъди гирифтор шудан ба он чӣ кор карданро фаҳмониданд. Онҳо тавонистанд дар ин рӯз ба зиёда аз 47 соҳибхона суҳбати индивидуалӣ намуда, онҳоро ба донишҳои зарурӣ барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус ошно созанд. Бошандагони маҳалла барои дастрасӣ аз Муроҷиатномаи ҲХДТ оид ба роҳҳои пешгирии бемории коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.
Архивӣ Моҳона
- Феврал 2022 (1)
- Январ 2022 (368)
- Декабр 2021 (419)
- ноябр 2021 (429)
- Октябр 2021 (316)
- Сентябр 2021 (269)
- Август 2021 (467)
- Июл 2021 (325)
- Июн 2021 (543)
- Май 2021 (627)