БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АГАР ЭҲТИЁТ КУНЕМ, АЗ ИН ВАБОИ АСР НАҶОТ МЕЁБЕМ

АНДЕША. Имрӯз дар ҷаҳон аз паҳншавии бемории коронавирус  ҳама дар таҳлука афтодаанд. Ин беморӣ муносибати байни давлатҳоро халалдор намуда, одамонро ба ҳолати ногувор дучор намудааст.  Коронавирус ба ҳама як хел таҳдид мекунад. Фақат ба калонсолоне, ки бемории дил ва роҳи нафас доранд, зудтар таъсир мерасонад.  Вале ҳар касе ман ҷавонам гуфта, қоидаҳои бехатариро риоя накунад, ба худаш ва аҳли оилааш  зиён меоварад.  Ба худи ӯ таъсир накунад ҳам, эҳтимоли сироят ба пайвандону наздиконашро, ки ҳар лаҳза дар робита аст, зиёд мекунад. Роҳи хуб ва дилпурӣ бехатарӣ барои ҳама, ин камтар алоқа доштан бо дигарон ва ҳатман хӯрокҳои солиму серғизо хӯрдан аст.

Дар Чин, ки  1, 4 миллиард аҳолӣ дорад,  бо гузаштани сахтиҳои думоҳаи карантин ин балоро аз сари мардум дур намуда, 95 дарсади  гирифторони ин бемориро аз марг наҷот доданд. Агар шадидтарин иқдомоти пешгирӣ ва карантинро амалӣ намекарданд, ба чӣ ҳолатҳое рӯ ба рӯ намешуданд.

Имрӯз, ки  дар кишвари мо ин бемории марговар ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудааст ва аз рӯи маълумотҳо шумораи гирифторони он  рӯз то рӯз дар афзоиш аст, мардум чун сокинони  Чин, Амрико, давлатҳои Европа, Россия рафтор наменамоянд, оқибатҳои фоҷиабори онро нодида мегиранд. Дар Россия дар шароити рӯз одамон танҳо барои хариди маводи озуқа ва дору аз хона мебароянд. Дар мо бошад чӣ?

Ҳоло ҳам одамони зиёд дар бозор, кӯча бе зарурат гаштугузор мекунанд. Аз даҳ нафар мебинӣ, ки як ё ду нафар ниқоби муҳофизатӣ надоранд. Шоҳиди бо даст ва оғӯш кашида салом кардани одамон мегардӣ. Ҳол он ки онҳо дар натиҷаи бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ  медонанд, ки  ҳамаи  ин амалҳо мамнуъ буда, боиси гирифторӣ ба бемории коронавирус шуданаш мумкин аст.

Дар он сурате мо ба ин беморӣ гирифтор намегардем, ки  саломатии худ ва аҳли оилаи худро ҳифз менамоем, ба талаботҳои гигиенаи шахсӣ қатъӣ риоя намоем. Дар хона ва ҷойи кор тозагиро нигоҳ дорем, бе ниқоби муҳофизатӣ ба кӯча набароем, машқи ҷисмонӣ кунем, дар ҳавои кушод сайру гашт намоем, танҳо ва танҳо бо тавсияи табибон аз дорую дармон истифода намоем, дар ҳолатҳои зарурӣ сари вақт ба духтури оилавӣ муроҷиат намоем. Агар эҳтиёт кунем, аз ин вабои аср наҷот меёбем, вагарна шоҳиди ҳодисаҳои фоҷиабори он мегардем.

Саидҷалол Сатторов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg