АНДЕША. Баъди пайдоиш ва ба таври расмӣ ба қайд гирифтани бемории сироятии коронавирус зарурати аз 27 апрели соли 2020 муваққатан қатъ намудани фаъолияти муассисаҳои таълимӣ ба миён омад. Дар ин ҳолат масъулияти ҳам таълим ва ҳам тарбияи фарзандони мактабхон ба дӯши волидайн ва алалхусус модарон меафтад. Зеро падар маҷбур аст, ки барои рӯзгузаронии аҳли оила ба коре машғул шавад.
Модарони соҳибмаълумот ва рӯзгордида дар ин вазъият медонанд, ки ба фарзандон чӣ гуна муносибат ва рафтор намоянд, то ки онҳо ба оворагардӣ не, балки ба хондани китоб ва корҳои фоидабахш машғул шаванд.
Дар ин ҷо мо аз таҷрибаи бисёре аз модарон мисол оварда метавонем, ки 9 – 10 фарзандро тарбия намуда, соҳиби маълумот ва соҳиби касб гардонидаанд, ки имрӯз бо фаъолияти пурсамарашон ба манфиати мардум ифтихор доранд. Дар ин рӯзҳои барои ҳама душвор модарони моро мебояд, дар таълиму тарбияи фарзандон дучанду даҳчанд масъулият дошта бошанд. Зеро аз хона ба кӯча баромадани хурдсолон боиси ташвишу изтироб гаштанаш мумкин аст. Барои он ки кӯдаки мактабхон дар хона бошад, китоб хонад, ба корҳои оила ёрӣ расонад, волидайн бояд ҳамеша бо муаллимон дар тамос бошад. Хуб мебуд, ки барои кӯдакони мактабхон дар хона реҷаи рӯз тартиб дода шавад ва дар он баъди аз хоб хестан чӣ кор кардани онҳо нишон дода шавад. Кӯдак ва наврас бояд хуб донад, ки аз кай то кай бояд китоб хонад, чанд соат бозӣ кунад, албатта дар ҳавлӣ, дар кадом соат хоб кунад, телевизиор тамошо кунад.
Дар бисёр оилаҳое, ки ба таълиму тарбияи фарзандон таваҷҷуҳ доранд, чунин реҷаи рӯзи кӯдакони мактабхонашон мавҷуд аст. Оилаҳоеро медонем, ки дар хона рӯзномаи деворӣ мебароранд.
Падару модарони муҳтарами мо набояд фаромӯш кунанд, ки замон замони хондан аст. Касе, ки мехонад, савод пайдо мекунад, бурд мекунад. Барои ӯ дар ҳама ҷо вобаста ба маълумоти гирифтааш кор ёфт мешавад.
Боварӣ дорем, ки падару модарони мо низ вобаста ба вазъияти баамаломада кору рафтори худро нисбати таълиму тарбияи фарзандонашон ба куллӣ тағйир медиҳанд. Барои китобхонӣ ва иштироки онҳо дар озмунҳои ҷумҳуриявии “Фурӯғи субҳи доноӣ...”, “Тоҷикистон Ватани азизи ман” ва озмунҳои фаннӣ тамоми шароитҳоро фароҳам меоваранд.
Саидҷалол Сатторов, корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг