БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲАНДОЗИИ АКСИЯИ ҲИЗБИИ “ХОНА БА ХОНА”

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҳамарӯза дар маркази ноҳия ва маҳаллаҳои Ҷамоатҳои шаҳраку деҳот  Аксияи тарғиботӣ таҳти унвони “хона ба хона” роҳандозӣ карда мешавад. Чунин чорабинии ҳизбӣ дар деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт  гузаронида шуд.

Дар ин рӯз кормандони Кумитаи иҷроия Ш.  Набиев ва И. Саидмаҳмудов ба истиқоматкунандагони   беш аз 27  хона оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус, истифодаи мақсаднок ва самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ ва дигар заминҳои дар ихтиёрбудаи онҳо  суҳбатҳои муфид анҷом доданд.   Сокинони манзилҳо аз баргузор намудани чунин суҳбати фоидабахш ва ба онҳо дастрас намудани  варақаҳои иттилоотӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва ниқобҳои муҳофизатӣ изҳори миннатдорӣ баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg