БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

КУМАК БА ТАБИБОНЕ, КИ ДАР МУҚОВИМАТ БА БЕМОРИИ КОРОНАВИРУС ТАЛОШИ ДОИМӢ ДОРАНД

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар ҳошияи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти кишвар, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба 20 нафар табибоне, ки ба муқобили бемории сироятии коронавирус талоши доимӣ меварзанд, маводи ғизоӣ кумак карданд. Кумаки навбатӣ, ки аз 100  кг равғани растанӣ ва 60 кг қанд иборат буд, аз ҷониби раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода ба табибони Беморхонаи марказии ноҳия, ки ба табобати беморони сироятии коронавирус машғул мебошанд, расонида шуд. Аз ин иқдоми хайрхоҳонаи ҳизбиёни ноҳия табибон изҳори миннатдорӣ  баён карданд. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия нақша дорад, ки ин гуна иқдомҳои хайриявиро минбаъд низ идома медиҳад.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg