БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СИПОСГУЗОРӢ БА КОРМАНДОНИ ТИБ

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз  кормандони  Кумитаи  иҷроияи  ҲХДТ   дар ноҳияи Темурмалик   дар  ҳамкорӣ  бо  аъзои  фаъоли  ҲХДТ,  соҳибкори  ватанӣ  Самиев  Нусратулло  ва    вакили  Маҷлиси  вакилони  Ҷамоати деҳоти Қарақамиш Сафарзода  Сулҳиддин  Самад  ба  маблағи  3500  сомонӣ  маводҳои  антисептикӣ,  ниқобҳо  ва  дастпӯшакҳои  тиббӣ  харидорӣ  карда,  ба  Беморхонаи  №1-и  Ҷамоати  деҳоти  Кангурт,  бунгоҳҳои  тиббии  деҳаҳои  Оличабулоқ,  Фалҳобод,  Дӯстии  Ҷамоати  деҳоти  Қарақамиш  ва  бунгоҳҳои  тиббии  деҳаҳои   Сафарбоён,  Давлатшоён,  Чавроқ  ва  Савдаи  Ҷамоати  деҳоти  Кангурт  кумак  намуданд.   

Зимни  супоридани кумакҳо  раиси  Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик   Раҷабзода  Маҳмадсаид    иброз  дошт,  ки    ташаббуси ватандӯстонаи Самиев  Нусратулло  ба  мардум  шоистаи таҳсин буда,  иқдоми  навбатӣ аз ҷониби  шахсони мутасаддӣ  дар ин давраи ҳассос муҳим арзёбӣ карда шуд. Дар анҷом  ба иштирокчиён   варақаҳои иттилоотӣ,  ниқобҳо,  дастпӯшакҳои  тиббӣ  ва  маводҳои  антисептикӣ  вобаста  ба  пешгирии  бемории  сироятӣ  коронавирус  (COVID – 19)  ва  истифодаи  самараноки  заминҳои  кишоварзӣ  дастрас  карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg