БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТОҶИКИ АСИЛ БАНОМУС МЕШАВАД!

ВОКУНИШ. (Чанд мулоҳиза дар ҳошияи мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода (муовини директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Субҳиддин Зиёев (ходими пешбари илмии Институти Осиё ва Аврупои АМИҶТ), Фирдавс Мирзоёров (устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус)

Чанд моҳи охир бемории хатарноки вогир, ки бо номи коронавирус маъмул шудааст, давлат ва ҷомеаҳои ҷаҳонро ба ташвиш овардааст. Имрӯз, бидуни муҳобот, кишвар, давлатеро наметавон пайдо кард, ки аз ин вируси хатарзо дар амон бошад. Кор то ба ҷое расидааст, ки ҳатто қудратҳои ҷаҳоние монанди Амрико, Англия, Олмон, Фаронса ва Россия дар баробари коронавирус оҷиз мондаанд. Дигар ин ки давлатҳои пешрафтаи аврупоӣ, аз ҷумла Англия, Фаронса, Олмон, Испания ва Италия паҳншавии коронавирусро ба сифати хатари глобалӣ шинохтаанд ва ду моҳи ахир бо ин беморӣ дастаҷамъона мубориза мебаранд. Бо вуҷуди ин, коронавирус бузургтарин корхонаҳои саноатӣ ва истеҳсолии аврупоиро ба варшикастагӣ мубтало карда, иқтисод ва молияи бисёр кишварҳои ҷаҳонро ба буҳрони ҷиддӣ мувоҷеҳ намуд. Аз ин рӯ, коронавирус бемории хатарноки сайёравиест, ки ба давлатҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонӣ зарари сахти молиявӣ, иҷтимоӣ, истеҳсолӣ, равонӣ, иқтисодӣ ва маданӣ расонидааст. Ба ин далел, мубориза ва муқовимати муваффақона бо ин вирус, пеш аз ҳама, ба иттиҳоду ҳамдигарфаҳмии давлатҳо, кишварҳо ва ҷомеаҳои ҷаҳонӣ алоқамандӣ дорад. Боиси таассуф аст, ки ин вабои аср (коронавирус) ба Тоҷикистони азиз ҳам ворид гардид ва табиист, ки  нигарониҳои ҷиддиро ҳамроҳ  овард. Вале ҳанӯз чанд моҳ қабл роҳбарияти олии давлат дар симои Пешвои миллат таҳти сарварии Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода Ситоди умумиҷумҳуриявии зиддикоронавирусиро таъсис дод ва дар ин замина миёни аҳолӣ корҳои зиёди беҳдоштӣ ва профилактикиро ба сомон расонид. Баъдан, замони ба қайд гирифтани беморӣ ва раванди  олудашавӣ давлат дар  пайвастагӣ бо мақомоти дахлдор барои таҳти назорат гирифтани вазъият ва сари вақт табобат кардани гирифторону беморон чораҳои судманд андешид.

Бояд таъкид кард, ки сарфи назар аз он ки коронавирус бо тамоми қудрат ба минтақа паҳн шуда истодааст, мардум, аҳолӣ, давлат, Ҳукумат ва ҷомеаи тоҷик дар баробари он сукут накарда, муваффақона мубориза мебарад. Дар ин миён, табибони ватанпараст ва масъулиятшиноси кишвар қаҳрамонӣ нишон дода, дар ин марҳилаи ҳассос канори мардуми тоҷик қарор доранд. Номусу шараф, виҷдону имон, масъулияту мардонагӣ ва рӯҳияи баланди ватандорӣ, ки аз миллияти тоҷикӣ маншаъ мегиранд,  табибони тоҷикро дар роҳи мубориза бар зидди коронавирус пирӯз мекунад.

Муттаассифона, дар ин вазъияти ҳассоси беҳдоштӣ ва равонӣ гурӯҳҳои ифротгарое  арзи ҳастӣ мекунанд, ки худро тоҷик ва ватандор вонамуд карда, тавассути иғвогарию дасисабозӣ ва ҳангомасозию воҳимапароканӣ миллати шарафманди тоҷикро бадном месозанд. Ин гурӯҳҳо, ки таҳти сарпарастии созмони экстремистӣ ва террористии наҳзати исломӣ дар хориҷ аз кишвар амал мекунанд, аз тариқи сомона, расона ва пойгоҳҳои иттилоотию таҳлилӣ маводи ғаразнок ва иғвогарона паҳну пахш менамоянд. Дар ин вазъияти буҳронӣ ин гурӯҳу созмонҳои зиддидавлатӣ ҳатто аз мусибату бадбахтии миллат истифода карда, ҳадафу ниятҳои нопоки худро пиёда  кардан мехоҳанд.

Ахиран, дар фазои маҷозӣ, аниқтараш дар сомонаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (www.anrt.tj) мақолаи олимони Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Азимҷон Раҳмонзода (муовини директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Субҳиддин Зиёев (ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИҶТ), Фирдавс Мирзоёров (устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” нашр гардид, ки дар он бо далелҳо нақшаҳои нопоки душманони миллат дар шароити паҳншавии коронавирус  ошкор ва фош шудаанд. Ҷойи нанг аст, ки гурӯҳҳои наҳзатӣ ба номи “тоҷики миллатдӯст” рӯйи саҳифаҳои интернетӣ пайдо мешаванд ва худро дӯстдору ходими миллати тоҷик унвон мекунанд. Дар мақолаи мазкур ба таври мудаллал собит мешавад, ки наҳзат ва пуштибонони он ҳатто дар шароити вазнини беҳдоштӣ ва равонӣ ҳам сӯйи миллати тоҷик сангандозӣ мекунанд ва ба исми ин миллати шарафманду мутамаддин иснод меоваранд.

Бояд дар назар дошт, ки доираҳои наҳзатӣ ба таври шабакавӣ фаъолият мекунанд ва дар фазои маҷозӣ ва майдони ҷанги иттилоотӣ худро тоҷику миллатдӯст ва меҳанпарасту мардумсолор ҷилва медиҳанд. Бо он ки он тоҷикони ҳуввиятбохта ҳамарӯза тариқи расонаҳо ва ВАО аз вазъи номусоид ва хатарбори ҷомеаи тоҷик огоҳанд, ба ҷойи ақаллан хомӯш истодан ва халал нарасонидан ба паҳн кардани маводи иттилоотӣ ва таҳлилии муғризона ва иғвогарона машғул мешаванд. Воқеан, боиси таассуф аст, ки дар хориҷ аз кишвар тариқи пуштибонию сармоягузориҳои хориҷӣ иддае беҳуввият ва худбохта, ки дар умум хидмати ташкилоти экстремистию террористии наҳзати исломиро бар дӯш доранд, ба парокандани  дурӯғу иғвою дасиса машғуланд. Тавре ки болотар ишора рафт, онҳо аз номи  тоҷик лоф мезананд ва бо дурӯғу фитна ва иғвою даъво миллати моро дар хориҷ аз кишвар бадном мекунанд.  Яқинан, созмони наҳзатӣ ҳеҷ гоҳ дар хидмати халқи тоҷик набуду нест. Чи дар гузашта ва чи имрӯз ин ташкилоти зиддимиллӣ  лоиҳа ё проекти сиёсию идеологии хориҷӣ буда, ҳамеша дар хидмати доираҳои хориҷӣ қарор дошту дорад. Бовар дорем, рӯзе мерасад, ки аврупоиён ва ҷомеаи мадании аврупоӣ ходимони наҳзатиро, ки дар саду як либосу ниқоб ҷилванамоӣ мекунанд, мешиносад ва аз ин тариқа парда аз рӯйи иғвою найранги наҳзат  бардошта мешавад. Имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон бо кумаку мусоидати давлату Ҳукумат, табибону пизишкони баномуси ватанӣ ва хориҷӣ алайҳи коронавирус ҳар рӯз мубориза мебарад, вале наҳзатиҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ воҳимаю ҳангома андохта, ҷомеаро ба шӯр овардан мехоҳанд. Воқеан, чуноне ки дар мақола таъкид мегардад (мақолаи Азимҷон Раҳмонзода -муовини директори Институти Осиё ва Аврупои Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон), Субҳиддин Зиёев - ходими пешбари Институти Осиё ва Аврупои АМИҶТ), Фирдавс Мирзоёров (устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) таҳти унвони “Тоҷик, тоҷикият, коронавирус ва нангу номус” дар назар аст), агар аврупоиҳо забони тоҷикиро медонистанд ва навиштаҳои наҳзатиёнро дар ростои коронавирус мутолиа мекарданд, бар ҳоли тоҷик механдиданд. Бубинед, тоҷикони иғвогари наҳзатӣ  бо матолиби муғризонаашон як миллати сарбаландро ба маърази масхара мекашанд. Ҷойи хайрият аст, ки аврупоиён забони моро намедонанд ва ба сабаби надонистани забон аз худфурӯшӣ ва беҳуввиятию хушкандешии ходимони наҳзатӣ бехабар мемонанд.

Итминон дорем, ки халқи тоҷик бо кумаку дастгирии давлат, мақомоти дахлдор ва табибони миллатпарасту гуманисти тоҷик аз ин балои аср раҳо меёбад, аммо ҷомеаи тоҷик риёкорӣ, дурӯғпароканӣ, худфиребӣ, иғвогарӣ ва найрангбозиҳои наҳзатиёни бурунмарзиро, ки ба хотири қудрату сарват сурат мегиранд ва ба номи миллати тоҷик иснод меоваранд, ҳаргиз намебахшад. Наҳзатиён бояд донанд, ки дурӯғу фиреб, найрангу иғво, бухлу кина ва нафрату бадбинӣ, ки ҳуввияти ахлоқии бозигарони наҳзатиро ташкил медиҳад, ҳатман фош мешавад. Набояд фаромӯш кард, ки тоҷик миллати баору номус аст ва номусмадорӣ  вуҷуду ҳузури як миллатро дар арсаи зиндагӣ таъин мекунад.

Нуров  Фозилҷон, сокини ноҳияи Панҷ

                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg