АНДЕША. Мусаллам аст, ки ҷаҳони имрӯза дар як вазъи басо мураккабу пурпечутоб қарор дорад. Пайдоиш ва паҳншавии босуръати бемории сироятии коронавирус (СOVID-19) заминаи мусоиде ба бадхоҳони миллат фароҳам овард, ки имрӯз тибқи шабакаҳои иҷтимоӣ ҳисси “ватандӯстӣ”-и хешро дур аз кишвари Тоҷикистони соҳибистиқлол бо овардани далелу фактҳои беасосу побарҳаво ва раво дидан бар туҳмату дасисаҳои иғвогарона нисбат ба роҳбарияти олии кишвар баён карданӣ мехоҳанд. Мардуми шарафманди Тоҷикистон хуб медонанд, ки аз рӯзҳои аввали пайдо ва паҳн шудани ин беморӣ дар кишварамон Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар байни мардуми шариф буд ва бо мақсади дастгирии соҳаи тандурустӣ маоши якмоҳаи худро ба табибон бахшида, бобати пешгирии ин вабои аср аз фонди захиравии худ маблағҳои зиёд ба ин соҳа гузаронид. Пешвои миллат бо мардуми оддӣ мунтазам дар робитаи зич қарор дошта, аз ҳолу аҳволи ҳаррӯзаи онҳо хабардор аст. Вақте ки дасисабозии навбатии бадхоҳони миллатро дар “Паём- нюс” тамошо мекунем, чунин ба назар мерасад, ки ин гурӯҳи кӯчаки иғвогар боз мехоҳанд Тоҷикистони азизи моро ба вартаи нестӣ биёранду, ҳодисаҳои мудҳишу нангини солҳои 90-уми қарни 20-ро ба дӯши мардуми азияткашидаи мардуми тоҷик аз нав бор созанд.
Эшон бо дастгирӣ ва нақшаҳои тарҳрезигардидаи хоҷагони хориҷиашон ба роҳбарияти кишвар санги маломату туҳмат ва буҳтонҳои беасос зада, бо ин амалашон мехоҳанд вазъи басо устувору побарҷои кишвари азизамонро халалдор созанд. Лекин онҳо бояд дарк намоянд, ки мардуми тоҷик имрӯз сафедро аз сиёҳ, хубро аз бад ва дӯстро аз душман ба хубӣ фарқ мекунанд. Дасисаҳои онҳо имрӯз ҳар як шаҳрванди Тоҷикистонро ҳушдор медиҳад, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, мавқеи устувори сиёсиро баҳри шукуфоии меҳани азиз ва пойдории сулҳу суботи саросарӣ ихтиёр намоянд.
Мутмаинем, ки тири душманони миллат бори дигар хок хӯрда, баҳри амалӣ шудани мақсаду ормонҳои ғаразнокашон ормонӣ мешаванд.
Исоева Насиба, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ