БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАБОЯД МО АЗ КОРОНАВИРУС ДАР ҲАРОС БОШЕМ!

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод ҳамарӯза бо ҷалби кормандони Кумитаи иҷроия, гурӯҳи таблиғотӣ  корҳои фаҳмондадиҳиро ба усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳия  оид ба пешгирии хатари бемории сироятии коронавирус  баргузор намуда истодааст. Чунин чорабинии судманд бо истиқоматкунандагони кӯчаи Ҷавонони маркази ноҳия  оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” баргузор карда шуда, ба сокинон аз ҷониби  шахсони масъул ба миқдори  35 дона ниқоб ва 65 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.

Инчунин, дар корҳои таблиғотӣ раиси Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода иштирок  дошта, таъкид намуд, ки набояд  мо аз ин беморӣ дар ҳарос бошем, баъакс бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ бар зидди ҳамагуна бемориҳои сирояткунанда муборизаи беамон барем.  

                                                                                                  

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg