ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант оид ба сабабҳо ва роҳҳои пешгирии паҳншавии бемории коронавирус дар деҳаи Гулистони Ҷамоати деҳоти Гулистон бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳӣ бурда, нисбати ин вируси хатарнок тавсияҳои муфид пешниҳод намуданд.
Масъулин ба иштирокдорон риояи қоидаҳои пешгирикунандаи сироятӣ ин бемориро фаҳмонида, даъват ба амал оварданд, ки барои саломатии худу атрофиён ҳар яки мо масъулем ва ба бепарвогӣ роҳ надиҳем. Аз падару модарон даъват ба амал оварданд, ки фарзандони худро назорат кунанд, онҳоро ба китобхонӣ ва машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ташвиқ намоянд ва кӯшиш кунанд, ки дар ҳама ҷо, чи дар хона ва чи берун аз он тозагиву қоидаҳои беҳдоштӣ ҳатман риоя гардад.
Аз ҷониби кормандони масъули ҳизбӣ 80 дона ниқобҳои муҳофизаткунанда ва зиёда аз 100 адад варақаҳои иттилоотӣ ба сокинон дастрас карда шуд.