ВАХШ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Ҳадаф аз баргузории чорабиниҳои гуногун, аз қабили усули «хона ба хона» аз ҷониби масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш, пешгирии паҳншавии бемории сироятии коронавирус (COVID-19) мебошад ва дар рафти вохӯриҳо ба аҳолӣ ниқобҳои муҳофизатии чандкарата ва варақаҳо оид ба пешригирӣ аз ин вирус дастрас карда шуданд.
Маврид ба зикр аст, масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш зимни баргузории чорабиниҳо шаҳрвандонро хотиррасон карданд, ки ба ҳар гуна овозаҳои беасосу бардурӯғ бовар накарда, барои пешгирии ҳама гуна бемориҳои сироятӣ ба гигиенаи шахсӣ ва тозагии хонаю маҳалли худ диққати аввалиндараҷа зоҳир намоянд.