БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ҚОИДАҲОИ ТАВСИЯШУДА БЕҲТАРИН РОҲИ ДАСТГИРИИ ТАБИБОН

БОХТАР.  Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Рӯз то рӯз  бемории сироятии коронавирус дар олам доман паҳн карда истодааст. Вобаста ба ин дар кишвари мо бо дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми чораҳои лозимӣ андешида шуда истодааст. Ҳоло  қаҳрамонони асосии ҷаҳон бешак табибонанд. Зеро онҳо дар сафи пеши мубориза бо КОВИД-19 қарор доранд. Имрӯз онҳо ба дастгирии ҳам руҳӣ, иқтисодӣ ва маънавӣ ниёз доранд. Ва аз хона безарурат набаромадан, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ ва риоя намудани онҳо беҳтарин дастгирии табибону кормандони соҳаи тиб мебошад, - таъкид гардид, зимни вохӯриҳои  гурӯҳи таблиғотӣ  бо сокинони шаҳри  Бохтар.

Гурӯҳи таблиғотӣ аз ҳисоби фаъолони ҳизб дар назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар имрӯз бо мақсади гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ дар мҳаллаҳои шаҳри Бохтар бо усули “хона ба хона” вохӯрӣ доир намуда, ба сокинон ниқобҳои тиббӣ ва маводҳои таблиғотӣ дастрас  карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg