БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

НАҚШИ ВОЛОНТЁРОН ДАР ҶОМЕАИ ИМРӮЗА НАЗАРРАС АСТ

БОХТАР. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дирӯз раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоуддин бо гурӯҳи волонтёрони назди Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар аз ҳисоби аъзо -омӯзгорони ҷавони муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии шаҳри Бохтар вохӯрӣ доир намуд. Раиси шаҳр нақши волонтёронро имрӯзҳо дар ҷомеа баланд арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки фаъолияти волонтёрӣ дар Тоҷикистон рӯз то рӯз рушд карда истодааст.  Мо нақш ва саҳми онҳоро дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ мебинем. Дар самти тозаву озода намудани маҳал, дар самти ободониву бунёдкорӣ,  расонидани кумак ба ниёзмандону шахсони яккаву танҳо, иштирок дар чорабиниҳои фарҳангиву сиёсӣ  нақши босазо доранд. Дар ҳақиқат волонтёр будан барои ҳар шахс боиси ифтихор ва сарфарозист. Сипас, дар доираи Аксияи ҳизбии эълон намудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар  доир ба тозагии маҳал волонтёрон дар маҳаллаҳои “Ҳоҷӣ Шариф”, “Садриддин Айнӣ”, “Нурулло Ҳувайдуллоев”, “Умари Хайём”, “Ваҳдат”, “Борбад”, “Ҷалолиддини Балхӣ” корҳои созандагӣ доир намуда, роҳу гулгашт, назди хонаҳои баландошёна ва дигар ҷойҳои ҷамъиятиро аз партовҳо тоза намуданд. Мақсди асосии баргузории Аксияи мазкур тозаву озода намудани маҳалли зист ва мубориза бурдан бо тамоми намуди бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла бемории коронавирус мебошад, зеро партову ифлосиҳо барангезандаи асосии вирус ва бемориҳои сироятӣ ба ҳисоб мераванд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg