БАЛҶУВОН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади пешгирии бемориҳои сироятӣ ва истифодаи оқилонаи заминҳои наздиҳавлигӣ ҳамарӯза бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон бо усули «хона ба хона» корҳои фаҳмондадиҳро ҷиддӣ ба роҳ монда, пайваста сокинонро аз ин бемории сироятии короновирус ва роҳҳои пешгирии он огоҳонида, таъкид бар он менамоянд, ки аз тавсияҳои ҳамарӯзаи табибон ва мутахассисоне, ки дар васоити ахбори омма пешниҳод намуда истодаанд, ба таври васеъ истифода намуда, худ ва атрофиёнро аз ин бемории сироятӣ эъмин нигоҳ доранд.
Вохӯрии навбатии мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Балҷувон аз рӯи усули «хона ба хона» дар деҳаи Балҷувон сурат гирифта, ба сокинон оид ба пешгирии бемории короновирус ва самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ тавсияҳо дода, иброз дошт, ки ҳар яки мо бояд дастаҷаъмона бар зидди ин беморӣ мубориза бурда, бо кишт намудани якчанд ҳосил ва аз он гирифтани ҳосили дилхоҳ, ки ба баланд бардоштани иқтисодиёт ва шароити хуби зиндагӣ мусоидат менамояд, саҳм гузорем. Ҳамчунин, дар охир ба сокинон варақаҳои иттилоотӣ, муроҷиатномаи ҲХДТ ва ниқобҳои муҳофизатӣ дастрас карда шуд.