Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Тақсимоти варақаҳои тавсиявии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ҳамарӯза бо усули “хона ба хона” дар ҳудуди ноҳия доир гардида, дар он фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ ҷалб карда шудаанд, ки аз натиҷаи баргузории корҳои тарғиботӣ сокинон ба худ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус ва самаранок истифода бурдани заминҳои надиҳавлигӣ маълумоти даркорӣ пайдо мекунанд. Чунин чорабинии судманд дар ташкилоти ибтидоии «Варзишгарон» доир гардида, иштирокдорон оид ба масъалаҳои болозикр бо маводҳои таблиғотӣ таъмин карда шуданд.