БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБИБОН ҶУЗЪИ ҶОМЕА МЕБОШАНД ВА БАРОИ МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС АҲЛИ ҶОМЕА НИЗ МАСЪУЛИЯТ ДОРАНД

Ш.ШОҲИН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ба ситоди ноҳиявии мубориза бар зидди  бемории коронавирус дар ноҳия як миқдор ниқобҳои муҳофизатӣ, варақаҳои иттилоотию тарғиботӣ ва 4 ҷуфт либосҳои махсуси муҳофизатӣ барои хизматрасонии табибон ба гумонбарони ин беморӣ ва гирифторони илтиҳоби шуш дастрас карда шуд.

Маврид ба зикр аст, ки табибони ноҳия барои хизматрасонии беморону ранҷурон ва пешгирӣ аз афзоиши ин вабои аср пайваста дар хизмати мардум қарор дошта, ҷиҳати гирифторшавии эҳтимолии  сокинон ба ин навъи беморӣ Ситоди ноҳиявии мубориза бар зидди коронвирус тамоми сохторҳои соҳаи тандурустиро омода сохтаанд.

Дар зимн, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳия барои хизмати содиқонаву софдилонаи табибон ва эҳсоси баланди масъулият дар ташхису табобати беморон ба онҳо изҳори миннатдорӣ менамояд ва тибқи имкониятҳои мавҷуда онҳоро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg