БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮХТ ВА ИСТИФОДАИ НИҚОБҲО БАҲРИ ПЕШГИРӢ ВА МУҚОВИМАТ БО КОРОНАВИРУС

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ихтиёриёни  намояндагии ТҶҶ  “Созандагони Ватан” дар кӯчаи Фрунзеи Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ бо усули “хона ба хона” бо шаҳрвандон баҳри пешгирӣ аз сироятёбии коронавирус суҳбату вохӯриҳои судмандро ба анҷом расониданд.

Ҳангоми суҳбатҳо бо сокинон масъулин атрофи масъалаҳои риояи гигиенаи шахсӣ, самаранок истифод бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ, худдорӣ аз иштирокдар ҷойҳои серодам ва  ба таҳлука наафтидан суханронӣ намуданд.

Ҳамзамон, масъулин аз коргоҳи дӯзандагии маркази ноҳия дидан намуда, бо занону духтарони коргоҳи мазкур оид ба масъалаи ба роҳ мондани духти ниқобҳо ва либосҳои муҳофизатии тиббӣ ҷиҳати муқовимати ҳамаҷониба бар зидди паҳншавии коронавирус корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монданд.  

Барои риояи қатъии қоидаҳои беҳдоштӣ миёни аҳолӣ, аз ҷониби намояндагони ҲХДТ  ба шаҳрвандон варақаҳои иттилоотӣ бо нишон додани аломатҳо ва риояи амалҳои шахсӣ баҳри эмин нигоҳ доштани худ аз хатари сироятёбии коронавирус дастрас карда шуд.    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg