А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҷиҳати пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ иқдоми навбатии хешро ба роҳ монда, дар кӯчаи марказии Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ, ки бештар ҷамъшавии одамон дида мешавад, вохӯри баргузор намуданд. Масъулин зимнан дар бораи масъалаҳои пешгирии бемории сироятии Covid - 19, риояи қатъии қоидаҳои санитарӣ, гигиенаи шахсӣ ва амалҳои дигари пешгирикунандаи бемориҳои сироятӣ андешаронӣ карда, қайд намуданд, ки ба меҳнати софдилона машғул гардида, баҳри таъмини оилаи худ бо маҳсулотҳои тару тоза заминҳои наздиҳавлигӣ ва Президентиву хоҷагиҳои деҳқониро самаранок истифода намоянд. Ҳамчунин ба шаҳрвандон вобаста ба масъалаҳои баррасигардида, шиору навиштаҷоти даъватӣ дастрас карда шуд.
Архивӣ Моҳона
- Август 2019 (466)
- Июл 2019 (493)
- Июн 2019 (462)
- Май 2019 (625)
- Апрел 2019 (486)
- Март 2019 (477)
- Феврал 2019 (503)
- Январ 2019 (477)
- Декабр 2018 (532)
- ноябр 2018 (532)