БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АМАЛҲОИ ХАЙРХОҲОНАИ ҲИЗБИЁН ИДОМА ДОРАНД

А.ҶОМӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ва ихтиёриёни намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” чун ҳамарӯза корҳои таблиғотиро миёни аҳолӣ бо усули “хона ба хона” ва суҳбатҳои сарироҳиро дар кӯчаҳои Киров, Телман ва Сомониёни Ҷамоати шаҳраки Абдураҳмони Ҷомӣ ба роҳ монданд.

Ҳангоми гузаронидани суҳбату вохӯриҳо бо мардум масъулин оид ба риояи қатъии қоидаҳои пешгирии бемориҳои сироятӣ ибрози ақида намуда, шаҳрвандонро барои таҳлукаю ваҳм ва тарсро аз худ дур намудан  маслиҳатҳои муфид доданд. Ҳамзамон аҳолиро ҷиҳати самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва дар вақтҳои бекорӣ ба китобхонӣ машғул шуданро талқин карданд. Дар баробари ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ ба мардум зиёда аз 100 адад варақаҳои иттилоотии пешгирикунандаи бемории сироятии коронавирус ва беш аз 50 дона ниқобҳои муҳофизатӣ, ки аз ҷониби Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон ба ноҳия дастрас гардидааст,  дода шуд.              

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg