ҶАЙҲУН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ин навбат корҳои таблиғотӣ ва фаҳмондадиҳиро вобаста ба пешгирии аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус бо усули "хона ба хона" дар Ҷамоати шаҳраки Дӯстӣ дар кӯчаи ба номи Шамсиддин Шоҳин баргузор намуданд.
Зимни суҳбат масъулин қайд карданд, ки аз ин беморӣ тарсидан, воҳима кардан суде надорад. Дар ҳоли риоя кардани гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустани пайвастаи дастҳо ва пӯшидани ниқоб, парҳезкорӣ аз ҷойҳои ҷамъиятӣ, бовар накардан ба овозаҳои бардурӯғи мардум, фосила нигоҳ доштани худ аз ҳамсуҳбат, даст ба бинӣ, чашм ва лабҳо нарасонидан, истифода бурдан аз маҳлулҳои безараргардонӣ пайваста тоза кардани дастҳо бо маҳлули антисептикӣ зарурат дорад.