Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Иқдоми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати расонидани кумаки моддиву молиявӣ ҷиҳати пешгирии бемории коронавирус ва табобати мубталоёни ин беморӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар ҷонибдории ҳаматарафа ёфта, амалҳои хайрхоҳонаи шахсони саховатпеша ва ташкилоту муассисаҳо пайваста амалӣ гардида истодааст.
Бо ташаббус ва иқдоми раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав Сураё Ализода бо мақсади нигоҳдории беҳдошти фардиву ҷамъиятии беморон ва табибону кормандони Беморхонаи марказии ноҳия аз ҷониби Ташкилоти Ҷамъиятии «Шифо» дар ноҳияи Шаҳритуз ба миқдори 4 адад либоси муҳофизатӣ, 100 дона дастпӯшаки тиббӣ, 400 дона ниқоби тиббӣ, 6 литр гипохлорид, 8 дона собуни ҷомашӯи дастрас карда шуд.
Дар мавриди қабули кӯмак раиси Кумитаи иҷроия Ализода Сураё ба роҳбарияти Ташкилоти ҷамъиятии «Шифо» барои ин иқдоми беназираш дар ҳифзи сиҳатии омма ва пешгирӣ аз сироятёбии сокинон аз коронавирус миннатдории бепоёни худро иброз намуд.