Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо максади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро миёни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам пурзӯр намуда, риояи гигиенаи шахсӣ, ки яке аз тадбирҳое мебошад, имрӯз барои ҳар як шаҳрванд аз ҳарвақта дида заруртар аст, риоя намуданро талқин карда истодаанд. Ба шаҳрвандон фаҳмонида истодаанд, ки риояи қоидаҳои санитарию гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла мунтазам шустани дастон бо собун, истифодаи ниқоб дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, худро дар канор гирифтан аз одамоне, ки нишонаҳои шамолхӯрӣ ва зуком доранд, ҳамзамон ба таҳлука наафтодаву ба саломатии худ диққати аввалиндараҷа додан ва тадбирҳои беҳдоштӣ, тозагиву озодагиро қатъиян риоя намоянд.
Истифодаи дурусту оқилонаи ҳар як ваҷаб заминҳои наздиҳавлигӣ, кишт ва захираи маҳсулоти кишоварзӣ, инчунин бо аъзои хоҷагиҳои деҳқонӣ ҷиҳати бекор намондани заминҳои дар ихтиёрашон бударо вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳони муосир ҳаматарафа фаҳмонида истодаанд. Инчунин, пас аз анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ манзилҳои истиқоматӣ ва роҳу кӯчаҳои деҳаву маҳаллаҳо бо ҷалби мутахассисони соҳа безарар гардонида истодаанд.