Н.ХУСРАВ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади таъмини пешгирии хатари бемории коронавирус гурӯҳи кории Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав корҳои фаҳмондадиҳӣ ва омилҳои пешгирикунандаи бемориро дар байни сокинон бо усули «хона ба хона» боз ҳам пурзӯр намуда истодаанд.
Ин навбат гурӯҳи корӣ дар деҳаи Баҳори Ҷамоати деҳоти Фирӯза вохӯриро бо усули «хона ба хона» баргузор намуда, ба сокинон роҳҳои пешгирии бемории каронавирусро фаҳмонида, барои пешгирии беморӣ варақаҳои тавсия ва Муроҷиатномаи ҲХДТ-ро дастрас намуданд. Ёдовар шуданд, ки агар таби баланд сулфа, душворшавии нафаскаширо дар худ мушоҳида намоянд, ҳатман аз ниқоби яккарата истифода бурда, ба духтурон муроҷиат намоянд.