БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СУҲБАТИ “ХОНА БА ХОНА” БО СОКИНОНИ ДЕҲАИ ГУЛЗОР

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Гурӯҳи  таблиғотии назди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар деҳаи Гулзори Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” ба бештар аз 55 сокинони хонаҳо оид ба пешгирӣ аз паҳншавии бемории коронавирус суҳбат гузарониданд. Ҳангоми суҳбат ба онҳо роҳҳои пешгирӣ аз сироятёбӣ ба ин бемориро фаҳмонида, гуфтанд, ки манбаи сироят худи одамон аст.  Беморӣ асосан ба воситаи даст аз роҳи даҳон ва бинӣ ба одам мегузарад.

Бинобар ин, ба онҳо таъкид намуданд, ки дастонашонро зуд-зуд ба собун шуянд ва бо маводҳои антисептикӣ безарар гардонанд бо дасти ифлос ба бинӣ, чашм ва даҳон даст нарасонанд.Дар баробари суҳбат ба онҳо варақаҳо иттилоотӣ  ва  ниқобҳои муҳофизатиро дастрас намуданд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg