БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БОЗ ЯК АМАЛИ ХАЙРИ ВАКИЛ БА СОКИНОН

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.

Вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Ховалинг аз ҳавзаи интихоботии № 19 Саймумин Бобоназаров дар давоми фаъолияти начандон тӯлонии вакилиаш борҳо шудааст, ки  ба муассисаи таълимӣ, тиббӣ ва оилаҳои ниёзманди деҳаи Ҷомбахти Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт дасти кумак дароз мекунад.

Ёрии навбатии вакил, ки бо иштироки бевоситаи кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия  ба шахсони бемор, пирони яккаву танҳо ва дигар оилаҳои ниёзманд расонида шуд,  аз маводи ғизоӣ иборат буд.

Онҳое, ки аз кумаки расонидаи вакили мардумӣ Саймумин Бобоназаров бархурдор гардиданд, дар ҳаққаш дуои нек карданд. Корҳои хайриявии вакил домандор буда, ӯ минбаъд низ шахсони ниёзманди ҷомеаро аз ҳар ҷиҳат  дастгирӣ намуда, барои ободии деҳа, ки ӯро аз он ҷо  ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия вакил интихоб намудаанд, аз ҷумла сангфарш намудани роҳи байни деҳа  ва асфалтпӯш кардани роҳи даромадгоҳи деҳа аз ҳоло омодагӣ гирифта истодааст. Боварӣ дорем, ки дигар вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз иқдомҳои хайрхоҳонаи анҷомдодаи вакилон Саймумин Бобоназаров, Зафар Сафаров  ва Афзалбӣ Файзова дар пайравӣ ба амалҳои хайрхоҳона,  ятимпарварона  ва инсондӯстонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳуриии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, дар ин рӯзҳои барои мардум душвор ҷиҳати дастгирии оилаҳои ниёзманд амалҳои неку савобро ба анҷом мерасонанд.     

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg