ВОКУНИШ. Саркардагони ҳизби террористии наҳзати ислом, аъзои Гурӯҳи -24 ва дигар душманони миллат, ки пешрафту тараққиёти Тоҷикистонро чашми дидан надоранд, аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ҳамарӯза бо суханҳои бофтаю сохтаи худ кӯшиш менамоянд, ки дар кишвар нооромиро ба вуҷуд оранд. Онҳо кафк аз даҳон парронда, худро ҳомии миллат нишон медиҳанд. Мавзӯи ҳамарӯзаи онҳо танқиди роҳбарони давлат аст. Ҳамаи корҳои созандагию бунёдкорӣ , ки дар мамлакат анҷом дода шудаанд ва мешаванд, ба он нисбат медиҳанд, ки гӯё ҳамаи онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои афзудани обрӯ ва нуфузи худ мекарда бошад. Ҳатто сохтмони бузургтарин иншооти аср - Неругоҳи Оби Барқии Роғунро низ ба ин радиф дохил мекунанд, ки ба ҳеҷ ақли инсонӣ рост намеояд. Шояд бузургон нисбати чунин ҳарзагӯён ва душманоне, ки пешрафту тараққиёт ва зиндагии тинҷу осудаи мардумро дидан намехоҳанд, фармуда бошанд: “Душман, ки гап наёфт, думи сагат каҷала аст”.
Ҳамаи ин ҳарзагӯиҳои душманони миллат аз кинаву адоват бармеояд. Онҳо гумон доранд, ки бо суханони туҳматангезашон дар байни мардум эҳтиром пайдо мекунанд. Баръакс, баъди ҳар баромадашон нафрати мардумро нисбати худ зиёд мекунанд.
Хурду калони Тоҷикистон хуб медонанд, ки Роғун ояндаи кишвар аст ва барои аз нав оғоз намудани сохтмони он чи монеаҳое ба вуҷуд наовардаанд ва баъди ин сохтмони азимро ночиз ва нодида гирифтан аз тарафи душманон нафрат ва ғазаби мардумро ба вуҷуд намеорад? Меорад. Онҳое, ки имрӯз дар ин сохтмон кор карда, аз 2 то 6-7 ҳазор сомонӣ маош мегиранд, баъди шунидани суханони ғаразноки шумо-душманони миллат оё хомӯш меистанд? Ҳаргиз. Бе шарҳу эзоҳ худатон медонед, ки онҳо чӣ мегӯянд? - Пас, сухани ба девор гуфтаи шумо чӣ аҳамият дорад?! Шояд ба ин савол худатон ҷавоб диҳед. Боварӣ дорем, ки дар ҷавоби ин савол хомӯш мемонед.
Шарифҷон Набиев, мутахассиси шуъбаи ташкилӣ ва кор бо кадрҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг