ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Дар доираи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус ва гузаронидани корҳои оммафаҳмонӣ оид ба истифодабарии самараноки ҳар як ваҷаб қитъаи замин кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо сокинони деҳаи Дӯстии Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо усули “хона ба хона” чорабиниҳои тавсиявӣ гузарониданд.
Бодомов Назрулло ва Проштов Сино дар бораи риояи ҳатмии гигиенаи шахсӣ сокинонро таъкид карда, варақаҳои иттилоотӣ дастрас карданд. Пайваста таъкид карданд, ки то аз байн рафтани хатари бемории сироятии коронавирус ҳамагон бояд зимни салом кардан аз якдигар масофа гиранд ва аз иштирок дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худдорӣ намоянд.Кормандони Кумитаи иҷроияи ноҳия ба 4 нафар оилаҳои эҳтиёҷманд як халтагӣ орд ва 3 кг равғани растанӣ кумак карданд. Инчунин, ба 30 нафар сокинон ниқобҳои муҳофизатӣ ва маводҳои антисептикиро дастрас намуданд.
Дар ин раванд масъулин оид ба сафарбар кардани ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст, бо сокинони деҳа суҳбат намуда, таъкид карданд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳ мояи ифтихору сарбаландӣ буда, қарзи фарзандии ҳар як ҷавонмард аст.