ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо мақсади пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус бо усули “хона ба хона” ва гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба самараноку оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин бо сокинони кӯчаи Лоҳутии шаҳраки Москва вохӯрӣ гузарониданд.
Зимни вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Ғаффорзода Давлатҷон қайд кард, ки солимии ҳар яки мо аз риояи гигиенаи шахсӣ ва худи мо вобаста аст. Дар шароите, ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир дар роҳи беҳдоштӣ мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардидааст. Бо дастгирии раиси хоҷагии деҳқонии “Шодиҷон”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Саидқул Турдиев Ғаффоров Зафар маводи ғизоӣ аз қабили равғану қанд ва ниқобҳои муҳофизатию маводҳои антисептикӣ ба 20 нафар сокинони эҳтиёҷманд кумак расонида шуд.