ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва волонтёрони назди Кумитаи иҷроия бо усули “хона ба хона” дар Маҳаллаи №8 - и Ҷамоати шаҳраки Совет баргузор гардид. Зимни вохӯрӣ, нахуст суханро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон оғоз намуда, оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорӣ, кишоварзӣ дар ҳар сотиқи замин, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию ободгароӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаронӣ кард. Ҳамзамон, тавассути волонтёрҳо ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳои муҳофизатӣ вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID - 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.