ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо усули “хона ба хона” дар Маҳаллаи №9– и Ҷамоати шаҳраки Совет мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик ва волонтёрон баргузор гардид.
Мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик Каримов Лоиқҷон дар бораи пешгирии бемории сироятии коронавирус, ҷалби сокинон ҷиҳати зироаткорию кишоварзӣ, инчунин вусъат бахшидан ба корҳои бунёдкорию созандагӣ бахшида ба 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карда, ҳамагонро ба меҳнати софдилона раҳнамоӣ намуд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ тавассути волонтёрҳо ба иштирокчиён варақаҳои иттилоотӣ ва ниқобҳо вобаста ба пешгирии бемории сироятии коронавирус (COVID – 19) ва истифодаи самараноки заминҳои кишоварзӣ дастрас карда шуд.