ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо мақсади вусъат бахшидан ба корҳои хоҷагидорию кишоварзӣ ба хотири таъмини амнияти озуқавории кишвар ва пешгирии паҳншавии бемории коронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо усули «хона ба хона» дар маҳаллаҳои ноҳия корҳои фаҳмондадиҳиро доир намуда, ба сокинон ҷиҳати риояи қатъии гигиенаи шахсӣ, истеъмоли ғизои солим, ба варзиш машғул шудан ва худдорӣ аз ҷойҳои серодамро талқин карда истодаанд. Чунин корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ бо ҷалби фаъолон, аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ дар ҳудуди ноҳияи Панҷ пурзӯр гардида, баҳри бартараф гардидани ин мушкилот чораҳои зарурӣ андешида шуда истодааст.
Архивӣ Моҳона
- Июн 2020 (711)
- Май 2020 (582)
- Апрел 2020 (436)
- Март 2020 (204)
- Феврал 2020 (1058)
- Январ 2020 (725)
- Декабр 2019 (351)
- ноябр 2019 (452)
- Октябр 2019 (540)
- Сентябр 2019 (487)