БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИҚДОМҲОИ НАҶИБ АЗ ҶОНИБИ ВАКИЛОН ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС

ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ.  Намояндагони  Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ бо сокинони  маҳаллаи  ба номи Акбар Шариф оид ба масъалаи пешгирии бемориҳои сироятӣ мулоқот баргузор намуданд. Инчунин, зимни суҳбат бо сокинон оид ба самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ ва хоҷагиҳои деҳқонӣ, риояи тавсияҳои санитарию гигиенӣ доир ба пешгирии бемории сироятии коронавирус, таъмини амнияти кишоварзии ҷумҳурӣ ва дигар мавзӯҳои муҳим, аз ҷумла вазъи имрӯзаи ҷаҳон пас аз паҳншавии коронавирус, истеҳсолу захираи кофии маводи хӯрокворӣ ибрози ақида карда шуд. Дар ин  замина пас аз анҷоми  суҳбати сарироҳӣ  бо дастгирии вакили  Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ Исоева Насиба барои пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавирус  Covid-19 173 дона ниқобҳои тиббӣ,  84 адад маҳлулҳои антисептикӣ ва 57 дона даспӯшак ба оилаҳои эҳтиёҷманди маҳалла кумак карда шуд.

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg