ПАНҶ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Аз ҷониби кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Панҷ тақсимоти ниқобҳои муҳофизатӣ ва варақаҳои иттилоотӣ оид ба пешгирии бемории сироятии коронавирус COVID-19 ва самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ба сокинони маҳаллаҳои маркази ноҳия бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда шуда, масъулин таъкид карданд, ки тибқи тавсияи духтурон ягона роҳи наҷот аз ин бемории хавфнок ба таҳлука наафтида, қоидаҳои беҳдоштиро дар хонадонашон риоя намоянд. Чунки саломатии ҳар яки мо аз худи мо вобастагӣ дорад.