БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМА ДАР МУБОРИЗА БО КОРОНАВИРУС МАСЪУЛЕМ

МУЪМИНОБОД. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Муъминобод  ҳамарӯза бо иштироки гурӯҳи таблиғотӣ ва кормандони масъули Кумитаи иҷроия миёни сокинон корҳои  фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда истодааст.  Ин навбат  чорабинии ҳизбӣ дар кӯчаи ба номи  Бобоҷон Ғафуров оид ба самаранок истифода бурдани заминҳои наздиҳавлигӣ ва пешгирии сироятёбӣ аз бемории коронавирус бо усули “хона ба хона” корҳои оммафаҳмонӣ баргузор карда шуда, ба шаҳрвандон аз ҷониби  шахсони масъули ҳизбӣ  ба миқдори  50 дона ниқобҳои муҳофизатӣ ва 70 адад маводҳои иттилоотӣ доир ба пешгирии бемории короновирус дастрас карда шуд.

Инчунин, дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Салоҳиддин Мирзобаротзода ва мудири Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия  Ҳасанзода Шаҳло  иштирок ва суханронӣ намуданд.

    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg