БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ИСТИФОДАИ САМАРАНОКИ ҲАР ВАҶАБ ҚИТЪАИ ЗАМИН БА МАНФИАТИ ХУДИ МОСТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Вохӯрии навбатии гурӯҳи кории Кумитаи ичроияи ХХДТ дар шаҳри Левакант дар деҳаи Тоҷирони Ҷамоати деҳоти Гулистон бо мақсади пешгирии бемории сироятии коронавирус ва оқилона истифодабарии ҳар як ваҷаб қитъаи замин боздид бо усули “хона ба хона” доир гардид.

Вобаста ба дастуру супоришҳои Раиси муаззами ҳизб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби гурӯҳи корӣ дар бораи  таъмини ҳар як оила бо маҳсулоти тару тозаи ватанӣ, риояи қоидаҳои санитарию гигиенӣ ва тозагии шахсӣ сухарнонӣ карда шуда, аз заминҳои  сокинон  аз наздик шинос шуданд.    
Корҳои фаҳмондадиҳӣ  нишон дод, ки  аҳолӣ бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ба коркарди байни қаторҳои боғу токзорҳо, растаниҳои кошташуда ва кишту кори баҳории зироатҳои полезӣ бо истифода аз боду ҳавои мусоид камари химмат бастаанд. Сипас, ба ҳар як сокини деҳа варақаҳои иттилоотӣ барои пешгирии бемориҳои сироятӣ дастрас карда шуд.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg