БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РИОЯИ ГИГИЕНАИ ШАХСӢ ОДАМРО АЗ СИРОЯТЁБӢ МУҲОФИЗАТ МЕКУНАД

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли  шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Бо аъзои ташкилоти ибтидоии “Мирзо Турсунзода”-и Ҷамоати деҳоти Заргари ноҳия  кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён  вохӯрии мақсаднок гузарониданд.

Дар мулоқоти мазкур масъулин қайд намуданд, ки бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 мушкилотест,  ки ҳамчун вабои аср аҳли ҷомеаро ба ташвиш андохта, бар асари он шумораи зиёди одамон дар кишварҳои дуру наздик ба ҳалокат расида истодаанд. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ин беморӣ ба қайд гирифта шуда, тибқи дастуру супоришҳои давлату Ҳукумати Тоҷикистон барои пешгирии паҳншавии он тадбирҳои мақсаднок роҳандозӣ гардида истодааст. Инчунин, таъкид карда шуд, ки тибқи дастури табибон амал намоянд ва аз ниқобҳои муҳофизатӣ истифода кунанд. Ҳамчунин барои бештар маълумот пайдо намудани шаҳрвандон  аз ин  бемории хафнок ба онҳо  маводҳои  таблиғотӣ дар шакли буклетҳо аз ҷониби  масъулини ҳизб дастрас карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg