КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли шинохти бештари манфиатҳои миллӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси навъи COVID-19 ва истифодабарии ҳар як ваҷаб замини зархез барои таъмини амнияти озуқаворӣ тадбирҳои мақсаднок андешида, бо мақсади он ки мардум оид аб масъалаҳои зикршуда маълумоти бештар дошта бошанд, ҳамарӯза кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кӯшониён корҳои фаҳмондадиҳиро бо усули “хона ба хона” ба роҳ монда истодаанд.
Чунин як чорабинии судманд аз ҷониби масъулини ҳизб дар деҳаи Боғпарвари Ҷамоати шаҳраки Бӯстонқалъа доир карда шуд. Илова бар ин масълуни ҳизб зимни чорабиниҳои мақсаднок ба аҳолӣ маводҳои таблиғотӣ оид ба масъалаҳои зикршуда дастрас карда, таъкид карданд, ки барои самаранок истифода бурдани замин ва ба даст овардани фоидаи зиёдтар аз ҳар яки мо тақозо мегардад, ки ягон ваҷаб заминро бекор намонем ва ба риояи қоидаҳои гигиенаи шахсӣ тависяҳои зарурӣ дода шуд.