БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ БОШЕД, ИТТИФОҚ БОШЕД, ВАТАНАМОНРО СИДҚАН ДӮСТ ДОРЕД!

ВОКУНИШ. Масъалаи пешгирии шомилшавӣ ба ҳизбҳои экстремистию террористӣ ва нашъамандию нашъаҷаллобӣ имрӯзҳо ҷомеаи ҷаҳониро ба   ташвиш овардааст. Зеро  ин амалҳои номбурда аз ҷиҳати ислом нодуруст буда,  инсонро ба роҳи  гумроҳӣ мебарад.   Баъзе  ҷавонони  ноогоҳ  аз  фарҳангу арзишҳои миллии худ ба доми фиребгарону ќаллобон афтида, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию  террористӣ  ва  нашъамандию  нашъаҷаллобӣ шомил шуда, ҳаёти осоиштаи худро барбод медиҳанд. Онҳое, ки фирефтаи душмани  миллати  тоҷик, халқу Ватани Тоҷикистон мешаванд, дурандеш  нестанд  ва  худ намедонанд, ки ба кадом роҳ рафта истодаанд. Хусусан, намояндагони ҳизбу ҳаракатҳои экстремистию террористӣ дар  хориҷи  кишвар  ҳастанду тавассути шабакаҳои интернетӣ  ҷавононро  фирефта  намуда, ба доми худ мекашанд. Ба гуфти онњо гӯё онҳо мусулмони ҳақикӣ ҳастанд ва ҷиҳод дар роҳи Худо мебаранд. Дар асл нияти онҳо роҳи ислом набуда, ба манфиати дороии шахсии худ, зарар расонидан ба халқу миллатҳои осоишта, тинҷу ором нигаронида шудааст. Ба ҷавонон  гуфтаниам, ки  хеле ҳам эҳтиёткор бошед, вақте  ки ба шабакаи  интернетӣ  медароед, хусусан ҳангоми дар “одноклассники”,“фейсбук” ва амсоли инҳо кор кардан  зиракии  сиёсиро аз даст надиҳед, фирефтаи баъзе нохалафон, ки имрӯз пешравӣ ва тараққиёти Ватани маҳбубамонро намехоҳанд, нагардед. Ба ҳар гуна хату мактубҳо, ҳар гуна сурату видеоҳои хусусияти эктремистию террористидошта класс намонед, ки шумо низ шарики ҷиноят мегардед.

Нашъамандӣ ва нашъаҷаллобӣ низ яке аз амали ниҳоят пасти инсонӣ аст, ки одамро дар муддати кӯтоҳ гумроҳ сохта, зиёнрасони падару  модар, хешу табор ва  Ватани  хеш  мегардонад. Ягон нашъаманд ё нашъаҷаллоб ба мақсади худ нарасидааст, онҳо ҳам ҳаёти худ ва ҳам ҳаёти  нафаронеро,  ки бо онҳо ҳамроҳ  мешаванд,  дар зери хатар мемонанд. Вазифаи мову  Шумо- ҷавонони азиз  сиёсати имрӯза ва фармонҳо, қарорҳои  Ҳукумати  Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ  намуда, зиракиву ҳушёриро аз даст надода, доимо дар ҷустуҷӯи  илму дониши замонавӣ машғул  будан аст. Ҷавонони  гиромӣ, вазифаи Шумо доимо хондан, хондан ва боз хондан аст, Ватани хешро сидқан, аз таҳти дил, бо тамоми вуҷуд дӯст доштан мебошад.  Вазифаи мо-намояндаи  халқ  барои тинҷу оромии  кишвари азизамон, сулҳу ваҳдат ва ягонагии Ватанамон  саҳмгузорӣ намудан аст, Шумо низ бояд ҳамеша  барои  тинҷию  оромӣ,  созандагӣ, ободонию  бунёдкорӣ  камари ҳиммат баста, барои пешрафту тараққиёти Тоҷикистон  саҳмгузор бошед.

Н. Нурализода, вакили Маҷлиси вакилони   халқи шаҳри Бохтар, аз ҳавзаи интихоботии №27                                   

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg